Ба гузориши агентии АБНА, як манбаи огоҳ дар ҳукумати Туркия дар сӯҳбат бо РИА Новостӣ гуфт, ки вобастагӣ ба таъминоти энергетикии хориҷӣ фишор ба иқтисоди Туркияро дар шароити авҷгирии вазъият дар Ховари Миёна афзоиш медиҳад.
Вай афзуд, ки вобастагии баланди ин кишвар ба воридоти нафту газ, ҳамчунон яке аз осебпазириҳои асосии иқтисоди Туркия боқӣ мондааст.
Таҷовузи Амрико ва режими сионистӣ ба Эрон боиси халал дар гузашти киштиҳо аз тангаҳи Ҳурмуз гардид. Халал дар ин роҳи обии стратегӣ боиси ихтилол дар занҷираи таъминоти сӯзишворӣ ва энергия ва ҳатто бисёре аз молҳои дигар ба монанди маҳсулоти петрокимёӣ ва нуриҳои химиявӣ дар ҷаҳон шуд.
Эрон эълом кардааст, ки омода аст дар сурати расидан ба оташбаси пойдор ва анҷоми ҷанг, амнияти киштирониро дар тангаҳи Ҳурмуз бо риояи протоколҳо ва мулоҳизаҳои амниятии зарурӣ таъмин кунад.
Як воситаи ахбори русӣ навишт, ки ҷанг алайҳи Эрон ва халал дар тангаҳи Ҳурмуз иқтисоди Туркияро фишор овардааст.
Your Comment